ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Низоми додгоҳии Русия мувофиқи ниёзҳои иқтисоди кишвар ва ҳифзи ҳуқуқи башар рушд мекунад.
Ин нуктаро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқот бо раиси Додгоҳи олии кишвар Вячеслав Лебедев баён дошт.
"Муҳимтар аз ҳама он аст, ки мувофиқи талаботи иқтисод, пеш аз ҳама барои шаҳрвандони мо - ба хотири ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо - инкишоф меёбад", - афзуд Путин ва таъкид намуд, ки ин аз ҳама муҳим мебошад.
Раисҷумҳур дар хитоб ба роҳбари Додгоҳи олии Русия афзуд, ки маҳз низоми додгоҳӣ барои рушд такон мебахшад, аёну дақиқ нишон медиҳад, ки бояд чӣ гуна, ба куҷо, бо кадом суръат ҳаракат кард.
Вай афзуд, Русия роҳи хеле мураккаби рушди худро тай карда истодааст ва таҳкими низоми додгоҳии ин кишвар асоси мавҷудияти давлатдорӣ мебошад.
"Кишвари мо роҳи хеле душвори рушди худро тай мекунад, хеле душворро. Таҳкими низоми судӣ ва умуман низоми ҳуқуқии кишвар, бешубҳа, на танҳо барои рушд, балки заминаи мавҷудияти давлату давлатдории Русия аст", - гуфт Путин.
Дар ин дидор Путин ба Лебедев ордени Андрей Первозваннийи муқаддасро "барои хидматҳои барҷаста дар рушди низоми додгоҳии ватанӣ" тақдим кард.