ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Иқтидорҳои истеҳсолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 100% аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия иборатанд.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо итминон изҳор дошт.
"Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда истеҳсоли нерӯи барқ дар вилоят дар соли 2022 нисбат ба соли 1993 2,6 баробар афзоиш ёфтааст", - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир мизони таъмини мардуми вилоят бо нерӯи барқ ба 98% расидааст.
Ин нишондод нисбат ба солҳои аввали истиқлолият 7,5 баробар зиёд аст, гуфт роҳбари ҷумҳурӣ.
"Он ду дарсади аҳолӣ, ки феълан нерӯи барқ надоранд, сокинони водии Бартанг ва ноҳияи Мурғоб мебошанд", - таъкид кард Раҳмон.
Ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти барқ дар қаламрави вилоят ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа бунёди неругоҳи барқи обии "Себзор" бо тавоноии 11 мегаватт идома дорад, ки соли оянда агрегати якуми он мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон ҳамагӣ 13 дарсади сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар як шабонарӯз ба нерӯи барқи 12 соатӣ дастрасӣ доштанд.
Дар робита ба ин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, корхонаи энергетикии "Помир" ва ҳукумати вилоят супориш дода шуд, ки ҳамкориро бо шарикони рушд ва сармоягузорон дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурд, инчунин, нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ пурзӯр намоянд.