Коренков: Мехоҳем бо вилояти Хатлон барои содирот мевагиҳо ба Руссия бештар ҳамкорӣ кунем

Намояндаи тиҷории Русия дар Тоҷикистон гуфт, омодааст барои рушди муносибтҳои тиҷоратӣ бо вилояти Хатлон соҳибкорони русро ҷалб намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ миёни вилояти Хатлони Тоҷикистон ва кишвари Русия дар мулоқоти раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва намояндаи тиҷории Русия дар ҷумҳурӣ Евгений Коренков баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба изҳори назар карданд.
Зимни мулоқот раиси вилоят Хатлон таъкид кард, ки рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистону Русия мавқеи муҳим дорад.

“Тоҷикистону Русия ҳамчун шарикони стратегӣ гардиши молро мунтазам афзоиш дода, дар беҳтар намудани робитаҳои мустақими минтақаҳои дуҷониб нақши босазо гузошта истодаанд”,- гуфт Давлаталӣ Саид.

Вай афзуд, ки ба вилоят аз 26 кишвари хориҷӣ бо маблағи 838,4 млн доллар сармоя ҷалб карда шудааст, ки бештари он ба Русия рост меояд.
Раиси вилояти Хатлон қайд кардааст, ки барои таъмини рушди устувор ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушд ҷалби бештари сармояи мустақим аз Русия зарур аст.
Русия ҳамоно шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков зимни мулоқот ба рушди бемайлони ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ишора карду, барои дастгирии субъектҳои хоҷагидорӣ андешаронӣ кард.
“Мо бо ҳайати гурӯҳи худ омодаем, ки баҳри рушди муносибтҳои тиҷоратӣ соҳибкоронро аз Русия ҷалб намоем. Маҳсулотҳои кишоварзии аз ҷиҳати экологии тозаи Тоҷикистон, махсусан вилояти Хатлон диққати соҳибкорони моро ҷалб кардааст ва мо мехоҳем барои содирот кардани хусусан мевагиҳо ба Федератсияи Руссия бештар ҳамкорӣ намоем”, - гуфт вай.
Ҳамчунин вай зикр кард, ки Русия барои бунёди боғҳои мевадиҳанда ва дастагирии лоиҳаҳо дар ин самт ҳамеша омодааст.
Дар ин мулоқот Раиси вилоят қайд намуд, ки мақомоти Хатлон ҳадаф дорад бо роҳбарияти минтақаҳое, ки бо онҳо шартномаи ҳамкорӣ доранд, вохӯрӣ ташкил намоянд. Бо ҳамватанон ва соҳибкорони муваффақ низ дар Русия мулоқоти судманд анҷом доданианд..
Ҳамзамон, изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаи мулоқоти баргузоршуда ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.