ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даъват кард, ки бо тоҷик будан ифтихор кунанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон дар Хоруғ гуфт, як нуктаи муҳимтаринро ба мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва махсусан, ба ҷавонони бонангу номуси вилоят хотирнишон ва таъкид менамояд.
"Мо бояд аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошем ва шукрона кунем, ки яке аз миллатҳои қадимтарини дунё ҳастем, Ватани ободу соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлол дорем", - гуфт ӯ.
Ӯ изҳор дошт, ки ин давлатро бо заҳмати аҳлона ва бо иттиҳоду сарҷамъии тамоми фарзандони Тоҷикистон обод бояд сохт.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон бо кору фаъолияти ватандӯстона ва содиқонаи тамоми афроди бонангу номуси Ватан ҳамаи камбудиву мушкилоти зиндагии имрӯзаи халқ бартараф хоҳанд шуд.
Ӯ ҳушдор дод, ки набояд фаромӯш кунем, ки бадхоҳони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон ҳоло ҳам аз ниятҳои нопок ва нақшаҳои ғаразноку харобкоронаи худ даст накашидаанд.
Раисҷумҳур изҳор дошт, ки дар ин шароит бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро бояд ҳаргиз аз даст надоду ваҳдати миллии мардумро таҳким бахшид.
Бо дарназардошти ҳодисаву равандҳое, ки дар минтақа ва ҷаҳон идома доранд, ба ҳимояи сулҳу оромии Ватани азизамон, зиндагии осоиштаи халқамон, суботи сиёсии кишварамон ва амнияти давлатамон омода бошем, таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.