Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Намоишгоҳи силоҳи ғаниматии ғарбӣ аз Украина - видео

Дар минтақаи назди Маскав дар Боғи “Патриот” намоишгоҳи ғанимати ҷангӣ, ки дар давоми амалиёти вижа дар Украина гирифта шудааст, баргузор шуд
Sputnik
Садҳо намунаҳои силоҳи тирандозӣ, мушак ва тӯпхонаӣ, ҳамчунин мошинҳои зиреҳпӯши сабук ва вазнин ба намоиш гузошта шуданд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз намоишгоҳи таҷҳизоте, ки дар ҷараёни амалиёти вижа дар Украина гирифта шудааст, дидан кард. Намоишгоҳ ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки кишварҳои НАТО дар таъмини нерӯҳои Украина чӣ гуна саҳм доранд.
Дар як сол намунаҳои техника ба 870 адад расид. Кишварҳои асосии истеҳсоли он ИМА ва кишварҳои узви НАТО мебошанд.
Шойгу: техникаи таърифии ғарбӣ дар ҷанг бекамбудӣ набудааст
Дар анбори алоҳида намоишгоҳи “Иттиҳодияи ваъдабозиҳо” таҳия шудааст, ки дар бораи кори таблиғотӣ бо чавонони Украина нақл мекунад.
Дар намоишгоҳи ба таври возеҳ маълум аст, ки кишварҳои Ғарб дар равған рехтан ба оташи низоъ дар Украина, чӣ нақше доранд.
Тафсилоти бештарро дар видеои мо тамошо кунед.