ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Хоруғ бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмини кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳр бо манзили хизматӣ бунёд гардидаст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки хишти нахустин барои сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ соли 2016-ум аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд.
"Иншоот аз ду бинои асосии 12-ошёна ва аз 66 манзили ду ҳуҷрагӣ ва 22 хонаи якҳуҷрагӣ иборат мебошад", - омадааст дар иттилоия.
Президент аз дохили хуҷраҳои истиқоматӣ дидан намуда, ба сохтмончиён барои бо сифати баланд бунёд кардани хонаҳо баҳои баланд додаст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар баробари низомиён дар ин хона ҳамчунин 12 оилаи зарардидаи шаҳри Хоруғ, ки манзилҳои истиқоматиашон дар фасли зимистон дар натиҷаи тармафароӣ пурра хароб гардида буд, соҳиби хонаҳои наву замонавӣ шуданд.
Раисҷумҳур ба ҳар як оилаи зарардида калиди хонаҳои нави истиқомтиро тақдим намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки тамоми оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида таҳти ғамхорӣ ва ҳимояти ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.
Маврид ба зикр аст, ки зимистони гузашта тармаи калон дар Хоруғ боиси ҳалокати одамон ва тахриби биноҳои зиёди истиқоматӣ гардида буд.