ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо сокинони ноҳияи Ванҷ дар бораи сарфаю сариштакорӣ ва амалҳои неки инсонӣ ёдрас шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.
Ба гуфтаи раисҷумҳури кишвар зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи ноорому бӯҳронии ҷаҳони муосир ба масъалаҳои риояи ҳатмии сарфаю сариштакорӣ, инчунин, анҷом додани амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла - дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва тарбияи дурусти фарзандон эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо сокинони Ванҷ қайд кард, ки торафт беҳтар гардидани шароит ва сатҳи зиндагии мардум ҳамаи моро водор месозад, ки минбаъд низ содиқонаву аҳлона ва бо масъулияти баланди ватандориву ватансозӣ заҳмат кашем.
“Мо бояд итминон дошта бошем, ки танҳо бо ваҳдату ҳамбастагӣ ва заҳмати созандаву содиқона ба рӯзҳои аз ин ҳам нек мерасем”, - гуфт ӯ.
Вай изҳори боварӣ кард, ки мардуми ноҳияи Ванҷ дар оянда низ бо заҳмати созандаи хеш барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвар ва мустаҳкам гардидани пояҳои давлат саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Дар охири суханрониаш раисҷумҳури кишвар мардуми ноҳияи Ванҷро ба ифтихори 32-солагии истиқлоли давлатӣ табрик кард ва ба ҳар як хонадони ноҳия хушбахтиву хушрӯзӣ, хонаи обод, рӯзгори пурфайз ва барори кор орзу кард.