ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Ванҷ нахуст, роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди кӯдакистони рақами 1-ро ифтитоҳ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бинои муосири муассисаи томактабӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Дар кӯдакистони ноҳияи Ванҷ 38 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кории доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар кӯдакистон бо дӯстрӯякон сӯҳбат кард ва ба онҳо тӯҳфаҳои хотирмон тақдим намуд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки кӯдакистони рақами 1 дар ноҳияи Ванҷ дуюмин муассисаи томактабӣ буда, ба истифода супоридани он барои фарогирии бештари насли наврас ба таълиму тарбияи томактабӣ мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз Президенти кишвар бо дастовардҳои сокинони шарафманди ноҳияи Дарвоз шинос шуда буд ва ба масъулин барои истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои табии мавҷуд супориш дод.