Намоиши техникаи муосири низомии Русия - видео

Вазорати мудофиаи Русия дар размоишгоҳи Алабино намунаҳои навтарини техникаи низомӣ ва махсус, аз қабили танки Т-14 "Армат" ва танки Т-90МС-ро ба намоиш гузошт
Sputnik
Намоиши техникаи низомии Русия дар доираи чорабиниҳои "Армия-2023" дар размоишгоҳи Алабино баргузор шуд, ки дар он имкониятҳои оташкушоӣ низ намоиш дода шуд.
Дар доираи намоиш дар баробари техникаи нерӯҳои мухталиф, аз ҷумла партоби мушакҳои идорашаванда ба масофаи то 4 км ва оташкушоӣ аз аслиҳаи муқарарӣ ба масофаи то 1,7 км нишон дода шуд.
Дар қатори техникаи намоишдодашуда, аз ҷумла, танкҳои муосир Т-90 МС "Прорив", танки Т-14 "Армата" низ буданд, ки оташ кушоданд.
Тамошобинон, ҳамчунин, имконияҳои зиреҳпӯши БТР-82АТ, худравҳои десанти БМД-4М ва мошини таъйиноти махсуси "Тигр-М СпН"-ро диданд.
Шойгу: техникаи таърифии ғарбӣ дар ҷанг бекамбудӣ набудааст
Инчунин бори аввал техникаи низомии ҳарҷогарди "Пластун" ба намоиш дода шуд.
Ҳамчунин маҷмааи мушакии оперативӣ-тактикии "Искандер-М" ба маърази тамошо гузошта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони "Армия-2023" аз 14 то 20 август дар Маркази конгресс ва намоишгоҳи "Патриот", дар тамрингоҳи Алабино ва фурудгоҳи Кубинкаи вилояти Маскав ҷараён хоҳад дошт.
Дар ҳамоиши мазкур 85 ширкат ва ташкилоти хориҷӣ аз 7 давлат ширкат доранд.