ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд роҳбарияти вилояти Суғд шароити омодагии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ва Беморхонаи клиникавии шаҳрии №2-ро ба давраи тирамоҳу зимистон тафтиш кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ додааст, барои омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ сипарӣ намудани фасли сармо қарори Ҳукумати кишвар ва қарори марбутаи Раиси вилоят ба имзо расида, ташкилоту идораҳо вазифадор гардидаанд, ки маводи сӯхт захира намоянд.
“Дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии вилоят захира намудани 5163,3 тонна ангишт ва 1431,6 м3 ҳезум ба нақша гирифта шудааст”,- гуфт манбаъ.
Зимни ошноии иншоотҳо раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки корҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шуда, фаъолияти марказҳои гармидиҳӣ пурра таъмин шавад.
Ёдовар мешавем, ки бинои асосии табобатии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд баъди таъмиру навсозии куллӣ ва бинои маъмурияти беморхона, стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсоли оксиген як сол пеш ифтитоҳ гардида буданд.
Ин иқдом даз ҷониби мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд амалӣ шудааст.