ДУШАНБЕ, 16 авг – Sputnik. Хабари даргузашти ҳунармандро Мирзоумари Мирзоаҳмад - яке аз шогирдонаш ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард ва гуфт, ки Ашӯров чанд вақт ба ин тараф алайҳи бемории зиққи нафас (астма) мубориза мебурд, аммо шаби гузашта ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
Бино ба гуфти манбаъ, Ашӯров чанд рӯзи пеш барои табобат озими Бемористони шаҳри Екатеринбурги Русия шуда буд.
“Се рӯзи пеш бо ҳам телефонӣ сӯҳбат доштем, хеле хуб гап мезаданд. Аз вазъи саломатиашон шикоят намекарданд. Субҳи имрӯз ногаҳон ҳамкорон хабар доданд, ки устод даргузаштаанд” – зикр кард, манбаъ.
Манбаъ зикр кард, ки Абдураҳмон Ашӯров аз зумраи ҳунармандони тавоно ба ҳисоб мерафт, ки дар муносибат бо ҳамкорону ҳамкасбон самимӣ буду ҳамеша нек андеша мекард.
Абдураҳмон Ашӯров 24 марти соли 1956 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1978 Донишгоҳи санъати Тоҷикистонро хатм намудааст.
Баъд аз хатми донишгоҳ фаъолияти эҷодиашро ҳамчун ҳунарманди (актиёр) саҳнавӣ дар театри мазҳакаи мусиқии ба номи Пушкин (ҳозира-Камоли Хуҷандӣ) оғоз намуда, то дами маргаш 45 сол дар ин боргоҳи фарҳангу ҳунар фаъолият намудааст. Дорандаи унвони ҳунарманди шоиста Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад.
Номбурда тӯли ин муддат дар чандин намоишномаҳои саҳнавӣ, аз ҷумла “Табиби паррон”, “Имтиҳон ва баъди имтиҳон”-и Файзулло Ансориро иҷро намудааст.
Охирон нақше ки ин ҳунарманд ба иҷро расонидааст, намоишномаи “Қисмат” гуфта мешавад, ки моҳи марти имсол дар анҷумани театрҳо дар шаҳри Душанбе намоиш дода шуд ва дар он Ашӯров минҳайси падар ҳунарнамоӣ мекард.
Қарор аст ҷанозаи Абдураҳмон Ашӯров, субҳи пагоҳ дар маҳаллаи “Очил”- и шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.