Тоҷикистонӣ дар ҳамла ба Шоҳчароғи Эрон даст дошт ё на: Посухи Вазорати корҳои хориҷа

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин амали мудҳиш ба муносибатҳо миёни Тоҷикистону Эрон ягон зарар ва ё таъсир намерасонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тоҷикистон ҳамла ба Шоҳчароғи Эронро шадидан маҳкум мекунад.
Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷӣ дар ин бора зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, ба наздикони фавтидагон сабр ва ба ҷароҳатбардоштагон шифои комил хост.
Ахиран расонаҳои эронӣ хабар доданд, ки ҳамлаи террористиро шаҳрванди Тоҷикистон Раҳматуллоҳ Наврӯзов анҷом додааст.
Дар робита ба ин, вазир дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ҳанӯз аз ҷониби Эрон вобаста ба ин ҳодиса ягон маълумоти расмӣ дарёфт накардаанд.
Мақомоти Эрон: Тирандоз дар масҷиди Шоҳчароғ - тоҷикистонист
Ӯ афзуд, ки дар сурати ироа шудани дархости расмӣ, мақомотҳои марбута дар ин самт ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд.
Зимнан вазир илова кард, ки ин амали мудҳиш ба муносибатҳо миёни Тоҷикистону Эрон ягон зарар ва ё таъсир намерасонад.
“Муштаракоти таърихию фарҳангӣ ва дигар пайвандҳои ногусастанӣ миёни кишварҳои мо бештар аз он ки, ки кадом ҷинояти террористӣ тавони таъсир расондан ба онро дошта бошад”, - тавзеҳ дод Муҳриддин.
Рӯзи 14 август раиси кулли додгустарии устони Форс Қозӣ Мусаввӣ, дар робита бо ҷузъиёти ҷадид аз ҳодисаи террористӣ дар Ҳарами Шоҳчароғ изҳор кард, ки то кунӯн 8 нафари гумонбар дастгир шудаанд.
“Тамомии афроди боздоштӣ аз атбоъ хориҷӣ ҳастанд”, - гуфт ӯ.
Раиси кули додгустарии устони Форс дар робитаи ҳуввияти терруристи аслӣ, ки дар саҳни ҳарам дастгир шуда буд, баён кард, ки ин фард дар таҳқиқоти аввалия худро Раҳматуллоҳ Наврӯзов муаррифӣ карда ва ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Вай гуфт, Наврӯзов бо як силоҳи Калашников 11 тир холӣ кард, ки дар натиҷа 1 нафар ба ҳалокат расида ва 10 нафари дигар захмӣ шуданд.