Шойгу: таҳдидҳо ба Осиёи Марказӣ аз Афғонистон афзоиш меёбанд

Вазири дифои Русия мегӯяд, ки Ғарб талош дорад дар Осиёи Марказӣ як маркази низоъ эҷод кунад ва сипас барои безараргардонии он “кӯмак”-и худро пешниҳод кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар Афғонистон нуфузи созмонҳои террористӣ афзоиш меёбад.
Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар конфронси Маскав оид ба амнияти байналмилалӣ изҳорот дод.
Ба гуфтаи ӯ, таҳдидҳои аслӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ имрӯз дар қаламрави Афғонистон ҷамъ мешаванд.
Вазорати дифои Русия ба кори таъмини амнияти муттаҳидон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) тамаркуз мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Ғарб аз гурӯҳҳои низомии ғайрипаштунӣ дар Афғонистон фаъолона ҳимоят мекунад.
Ба гуфтаи Шойгу, онҳо мехоҳад дар Осиёи Марказӣ як маркази низоъ эҷод кунад ва сипас барои безараргардонии он “кӯмак”-и худро пешниҳод кунад.
Раҳмон: Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли мусолиматомези вазъ дар Афғонистон буд
Шойгу ҳамчунин қайд кард, ки Русия ҳамкориҳои низомиву фаннӣ бо кишварҳои африқоиро густариш хоҳад дод.
Ба гуфтаи вай, ин давлатҳо бояд нерӯҳои мусаллаҳи муосир дошта бошанд, то мустақилона амнияти худро ҳифз кунанд.
Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷонибдори ҳалли мусолиматомези авзоъ дар Афғонистон ҳастанд ва ҳамчунин аз таъсиси ҳукумати фарогири Афғонистон, ки тавонанд намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиро барои кафолати ҳуқуқи онҳо намояндагӣ кунанд, ҷонибдорӣ мекунанд.