Вазорати дифои Русия наворҳои кори гурӯҳи бозрасии баҳриро нашр кард, ки дар он аз водорсозӣ ба бозистодан то санҷиши ҳуҷҷатҳо инъикос ёфтааст.
Ба иттилои ин ниҳод, киштии борбари "Сукра Окан", ки таҳти парчами Палау ба сӯи бандари Измаили Украина шино мекард, мавриди тафтиш қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки ҳайати киштии посбонии Русия "Василий Биков" барои тафтиши "Сукра Окан" дар Баҳри Сиёҳ маҷбур шуд, оташи огоҳкунанда кушояд.
Дар навор аз ҷумла парвози чархболи русии Ка-29-и ба саҳни киштии боркаш намоиш дода мешавад, ки ба талаботи қатъи ҳаракат итоат накардааст.
Сипас, баъди саркашии "Сукра Окан", баҳрнавардони Русия аз чархбол ба саҳни киштӣ фаромада, ҳайат ва ҳуҷраю биноҳои киштиро нахуст аз санҷиш гузаронданд. Аз ҷумла, санҷида мешуд, ки ягон колои мамнӯъ ба Украина интиқол дода нашавад.
Тавре дар Вазорати мудофиаи Русия қайд карда шуд, дар рафти чорабиниҳои санҷишӣ кори гурӯҳи бозрасӣ бо камоли кордонӣ, тибқи талаботи санадҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст.
Таъкид гардид, ки дар охир санади тафтиши "Сукра Окан" тартиб дода шуда, киштӣ ҳаракаташро ба самти бандари Измаил идома дод.