ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Прокурори генералии Тоҷикистон боздошти Абдухалил Холиқзода, роҳбари "Беморхонаи Ибни Сино"-ро тасдиқ кард.
Юсуф Раҳмон, дар нишасти хабарӣ қазияро шарҳ дода гуфт, "шахсан фармони боздошташро додам".
Ӯ афзуд, ки то давраи истиқлолият Холиқзода "тангае дар киса надошт", вале баъди солҳои 1992-93 соҳиби миллионҳо доллар гардид.
Ба гуфтаи додситон дастгиршуда, ба ҷойи шукргузорӣ аз шароити фароҳамшуда ва муҳити созанда, ба танқиди шадиди он даст зад.
Прокурор ӯро барои таҳқири миллат, тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ, барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ муттаҳам кард.
Юсуф Раҳмон гуфт, ки Холиқзода ба чунин масоил дар китоби нашркардааш, зери унвони "Ҳаводиси рӯзгори ман" даст задааст.
"Мо наметавонем, ки ба кирдорҳои ҷиноии ӯ гузашт намоем ва ӯ бо тамоми талаботи қонун ҷавоб мегӯяд", - афзуд манбаъ.
Ҳамин тариқ ба гуфтаи додситонӣ алайҳи Холиқзода бо моддаи 189-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин банди қонуни ҷиноии кишвар аз ду то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Холиқзода 58 сол дорад ва китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”, ки барои таълифи он дастгир шуд, 15 марти соли ҷорӣ аз чоп баромад ва васеъ рӯнамоӣ низ шуда буд.
Аммо чанде пас баҳзе нукоти он дар расонаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тезу тундеро дар пай дошт, ки муаллифро ба паст задани маҳалу кинаву адоват муттаҳам карданд.