ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ҷасади Шӯҳрат Исматуллозода муовини раиси "Ориёнбонк" пас аз 1,5 моҳи ҷустуҷӯ ахиран пайдо шуд.
Дар ин бора Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ҷасади Исматуллозода аз шаҳри Панҷакент пайдо шуд ва ахсияти ӯро аз рӯйи дандонаш муайян карданд.
"Ҷасади Исматуллозода дар ҷазирачаи байни дарё дар минтақаи Саразм ду рӯз қабл пайдо шуд. Духтури дандон низ тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат се дандонро ба ӯ вай гузоштааст, ки аз рӯйи он шахсияташ дақиқ шуд " - гуфт, Юсуф Раҳмон.
Ба иттилои манбаъ вобаста ба пурратар гардонидани шахсияти ӯ ташхисҳои дигар низ таъйин шудааст ва дар рӯзҳои наздик иттилои муфассал дода мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ҳоли ҳозир вобаста ба қазия нисбати 16 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Вазири Корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода даст доштани ду корманди собиқашро дар ин қазия тасдиқ кард.
Сухан дар бораи раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ Дилшод Саидмуродов, мулаққаб бо номи "Дилшоди СБ" ва яке аз аъзои он Рустам Ашӯров меравад, ки баъди тирандозӣ дар фурудгоҳи Молдова зимни амалиёти ҷавобӣ маҷрӯҳ ва дар беморхона ба ҳалокат расид.
ВКД қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, бурдаанд.
Баъдан додситонӣ тафсилоти қазияро баён дошта, таъкид намуда буд, ки дар пайи шиканҷа ноиби раиси "Ориёнбонк" ҷон додаст.
Мақомот бо такя ба маълумоти оперативӣ изҳор медоштанд, ки ҷасади марҳум ба дарёи Зарафшон андохта шудааст.