Толибҳо: амнияти минтақа танҳо бо ҳукумати Толибон таъмин мешавад

Мақомдори ҳукумати толибҳо иддао кард, ки ҷаҳон дарк кунад, ки субот ва амнияти минтақа метавонад танҳо бо ҳукумати толибҳо дар Афғонистон таъмин шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Агар дар кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷаҳон амният мехоҳанд, ҳукумати толибон метавонад ин амниятро таъмин кунад. Пас ниёз аст то ҷаҳон ин ҳақиқатро дарк кунад ва ба ҳукумати толибҳо даст таъомул бидиҳад, гуфт муовини сиёсии раиси ҳукумати толибҳо Мавлавии Абдулкабир.
Вай дар ин бора дар нишасте дар Кохи Сапедор, ки бо ҳадафи таҷлил аз устодони донишгоҳу чеҳраҳои илмии бозгашта ба Афғонистони баргузор шуда буд афзуд, баён дошт.

“Толибҳо ба дипломатӣ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ идома медиҳанд то мушкилот дар равобити Афғонистону ҷаҳон поён ёбад”,- гуфт вай.

Муовини сиёсии раиси ҳукумати толибҳо таъкид кард, ин гурӯҳ ҳамон гуна, ки дар майдони ҷанг пирӯз шуд, дар майдони сиёсату иқтисод низ муваффақ хоҳад буд.
Ройзании мақомоти Туркманистону Афғонистон дар мавриди интиқоли барқ ба Ҳирот
Абдулкабир ҳамчунин аз фаъолияти сафоратхонаҳои Афғонистон дар 16 кишвар хабар дод.
Анас Ҳаққонӣ, узви аршади ҳукумати толибҳо ҳам дар ин нишаст гуфт, ки итминони даҳуми мо ба инҷо ба осонӣ ё дар натиҷа муомила наёмадаем, балки бо қурбонии сарҳо ба инҷо расидаем.
Вай афзуд, ки ҷаҳон зурозмоии худро анҷом дод ва пас аз ин ки фаҳмид,ки пояш дар ин ҷо муҳкам намешавад, аз Афғонистон хориҷ шуд.