ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Силоҳҳои Русия қудрат ва бартарии худро дар майдони ҷанг собит карда, ба таҳримҳо мутобиқ шуда, иқтидори худро афзоиш доданд.
Ин нуктаро вазири дифои Русия, Сергей Шойгу, дар ҳамоиши байналмилалии "Армия-2023" дар вилояти Маскав изҳор дошт. Ӯ қайд кард, ки таҷҳизоти рақибон аз таҷҳизоти Русия ақибмондатар мебошанд.
"Таҷҳизоти ба таври васеъ таблиғшавандаи ғарбӣ дар шароити воқеии ҷангӣ бенуқсон набудаанд", - изҳор дошт вазири дифои Русия.
Шойгу таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки бархе аз коркардҳои Русия, ки дар ин ҳамоиш муаррифӣ шудаанд, алакай дар майдони ҷанг дар чаҳорчӯби амалиёти вижа дар Украина татбиқ гардида истодаанд.
Вай афзуд, аз техникаи ғаниматие, ки аз ҷониби низомиёни Русия дар давоми амалиёти вижаи низомӣ ба даст овардаанд, иштирокчиёни чорабинӣ метавонанд дар намоишгоҳ дидан кунанд.
Аз ҷумла, қарорҳои навовар ба ҳавопаймоҳои бесарнишин дахл доранд, афзуд вазири мудофиаи Русия.
Ӯ изҳори умед намуд, ки дар доираи ин ҳамоиш созишномаҳои зиёди тарафайн муфид бо кишварҳои иттифоқчӣ баста хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони "Армия-2023" аз 14 то 20 август дар Маркази конгресс ва намоишгоҳи "Патриот", дар тамрингоҳи Алабино ва фурудгоҳи Кубинкаи вилояти Маскав ҷараён хоҳад дошт.
Дар ҳамоиши мазкур 85 ширкат ва ташкилоти хориҷӣ аз 7 давлат ширкат доранд.