Рушди саноат дар Иттиҳоди АвруОсиё: Кӣ бештар пеш рафт?

Саноати коркард дар қаламрави кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба ҳисоби миёна ба беш аз 6% афзудааст, иттилоъ дод комиссияи иқтисодии созмон
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар бахши саноати ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё афзоиши нишондиҳандаҳо сабт гирифта шудааст, иттилоъ дод комиссияи иқтисодии созмон
Ба ҳисоби Комиссияи иқтисодии Авруосиё аз моҳи январ то июни соли 2023 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 3% афзоиш ёфтааст.
Таъкид шудааст, ки тамоюли мусбати рушди саноат дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё сабт шудааст, ки баландтаринаш ба Белорус ва поинтаринаш ба Қирғизистон рост меояд.
Белорус - 6%;
Қазоқистон - 3,8%;
Русия - 2,6%;
Арманистон - 1%;
Қирғизистон – 0,4%.
Рушди миёнаи нисбатан бештарро саноати коркард нишон додаст, ки ба ҳисоби миёна дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё беш аз 6% афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, дар бахше аз самтҳои саноат дар кишварҳои узви созмон поинравӣ низ ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла, дар бахши саноати куҳӣ 0,6%, дар соҳаи обтаъминкунӣ, коррезӣ, коркарди партовҳо беш аз 5% кам шудаст.
Донишгоҳи Хуҷанд узви донишгоҳҳои АвруОсиё шуд: ҳадаф густариши ҳамкориҳои илмӣ
Дар баробари ин, бахше аз самтҳо, аз ҷумла - таъминоти барқ, газ, буғ ва низоми ҳаворасонӣ дар сатҳи моҳҳои январ - июни соли гузашта боқӣ монда, на рушд ва на коҳиш ёфтааст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон солҳо боз имкони вуруд ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ дорад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои байни ҷумҳурӣ ва кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар карда буд. Путин, инчунин, аз рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон гуфт.