ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон теъдоди онҳое, ки ба блогерӣ ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланду дар мақомоти андоз сабти ном шудаанд, ба 81 нафар расидааст.
Дар ин бора масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуданд, ки ин теъдод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 49 нафар зиёд мебошад.
Таъкид гардид, ки блогерҳо вобаста ба эъломияи даромади пешниҳодкардаашон ба буҷа андоз пардохт мекунанд.
Бар асоси ҳисоботи пешниҳодкарда, даромади онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, дар давоми 6 моҳ зиёда аз 10 млн сомониро ташкил додаст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар кадомашон дар як моҳ 20,5 ҳазор сомонӣ рост меояд.
Масуълини Кумитаи андози Тоҷикистон афзуданд, ки дар нимсолаи аввал блогерҳо ҳудуди 1,2 млн сомонӣ ба буҷет пардохт кардаанд.
Таъкид шуд, бисёре аз онҳое, ки ба фаъолияти блогерӣ машғуланд бидуни қайд кор мекунанд ва мақомот талош доранд, ҳар чӣ бештар онҳоро сабти ном намоянду аз ин ҳисоб буҷа даромади бештар гирад.
Дар мавриди сарояндагон иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти онҳо низ соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, бояд дар қайди мақомоти андоз бошанд.
Ба иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, феълан дар қайди мақомот зиёда аз 1 ҳазор шахсони воқеӣ, ки ба навозандагӣ, сарояндагӣ, барандагӣ раққосагӣ ва ғайра дар тӯйҳо машғуланд, сабти ном шудаанд.