ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли равон беш аз 11 ҳазор ҳолати нақзи қонуни андоз ошкор гардид.
Дар ин бора раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи масъулини Кумита, қисмати зиёди ин ҳолатҳо ба ҳисоб ва пардохт накардани андозҳо вобаста мебошад. Пешниҳод накардани эъломияҳо ва насб накардани терминалҳо аз ҷумлаи қонуншиканиҳои дигар мебошанд, ки дар бахши андозсупорӣ ошкор шудааст.
Давлатзода мегӯяд, камбудиҳоро зимни санҷишҳои назоратӣ ошкор карда шуда, талош мекунанд, ҷаримаҳои маъмуриро аз саркашҳо саривақт ситонанд, то бақияи қарзи андозу фоизҳо афзоиш наёбанд.
Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон қарзи андоз ба маблағи беш аз 36 млн сомонӣ зиёд шуда, ба зиёда аз 764 млн сомонӣ расидааст.
Ҳамзамон, Кумитаи андоз қайд кардааст, ки нисбат ба андозсупорандагони қарздор 9,4 ҳазор адад қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи умумии 532 млн сомонӣ қарор қабул гардида, аз ин ҳисоб дар маҷмӯъ ба буҷет 486 млн сомонӣ ворид шуд.
Кумитаи андоз зикр намудаст, ки барои ба буҷет ворид намудани маблағҳои боқимонда тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд.