ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар шаш моҳи соли равон масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон 92 ташкилоту корхонаҳоро мавриди санҷиш қарор додаст.
Дар ин бора нашрияи расмии "Хатлон" иттилоъ дода, афзудааст, ки дар пайи санҷишҳо дар ин давра зарари молиявӣ ба андозаи зиёда аз 9,7 млн сомонӣ ошкор гардидааст.
Манбаъ афзудааст, ки аз зарари молиявӣ ошкоргардида, наздики 8,7 млн сомонӣ барқарор карда шудааст.
Таъкид шудааст, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар маҷмуъ 247 ҷинояти коррупсионӣ ошкор карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 31 ҷиноят зиёд мебошад.
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон изҳор доштааст, ки аз шумораи умумии ҷиноёти ошкоргардида 90 ададашро ҷинояти вазнин ташкил медиҳад.
Маблағи умумии зарар аз рӯи ҷиноятҳои ошкоргардида 11,2 млн сомониро ташкил дода, беш аз 5,8 млн сомонии он аллакай мусодира шудааст.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки масъулини мубориза бо фасод дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 230 ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба коррупсияро ба қайд гирифтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон мақомот фасодро яке аз омилҳои коҳишдиҳандаи боварӣ ба ниҳодҳои давлатӣ арзёбӣ карда, мубориза бо онро таҳким бахшидаанд.