ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Гардиши мол ва бозаргонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар нимаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба муддати мушобеҳи қабл 30 дарсад коҳиш иттилоъ додааст хабаргузории Форс дар истинод ба кумитаи давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон.
Ба иттилои манбаъ, табодули коло миёни ин ду кишвар ба 1 миллиону 786 миллион доллар расид, аммо мубодилоти бозаргонии ду кившар дар муддати мушобеҳи соли қаблӣ 2 миллион доллару 587 доллар буд.
Бар асоси гузориши мунташиршуда Тоҷикистон дар ин муддат 1 миллиону 745 миллион доллар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ворид карда аст.
Арзиши воридоти коло аз ин кишвар нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 31,7% коҳиш дошта аст.
Тоҷикистон ҳам дар 6 моҳи аввали соли гузашта 2 миллиону 558 доллар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон харид карда буд.
Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 6 моҳ 3,4 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8% ё 98,2 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон бо рублу сомонӣ бо Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Чин, Абхозистон ва дигар кишварҳо тиҷорат мекунад.