Сӯхтори шадид дар Ҳавайӣ ҷони 89 нафарро гирифт ва интизор меравад, ки шумори қурбониён афзоиш ёбад. Сӯхтор дар чанд шаҳр, аз ҷумла Лаҳайна, пойтахти собиқи салтанати Ҳавайӣ ва ҳоло як маркази машҳури сайёҳӣ сурат гирифт.
Сӯхторнишонҳо то ҳол талош доранд, ки оташро хомуш кунанд.
Агентии Ruptly наворҳоеро нашр кард, ки аз тариқи паҳпод гирифта шудааст. Дар навор дида мешавад, ки тамоми минтақаҳо оташ гирифтааст.
Мақомот то ҳол амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро идома медиҳанд ва шумори кушташудагон ва ҳамчунин шумори захмиён метавонад тағйир ёбад.
Оташ дар ҷазираи Мауи рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта паҳн шуд ва бисёре аз хонаҳо ва дигар биноҳоро тахриб кард. Ҳазорон нафар бе барқ монданд ва мақомоти маҳаллӣ дар бораи тахлияи оммавӣ хабар доданд. Барои беруновардашудаҳо паноҳгоҳҳои муваққатӣ сохта шудаанд.
Фалокатро тӯфони Дора, ки дар Уқёнуси Ором дар масофаи 800 километр ҷанубтар аз силсилаи ҷазираҳо идома дошт, шадидтар кард. Сарфи назар аз масофа, таъсири Дора дар вазиши шамол бо суръати беш аз 97 км/соат эҳсос мешуд, ки оташро босуръат паҳн кардааст.