ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Лоиҳаи бо барқ таъмин намудани 64 деҳаи бебарқро дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор дар бар мегирад, иттилоъ доданд масъулини ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар нишасти матбуотии ахир.
Ба иттилои ин ширкат, аллакай дар доираи лоиҳаи "Электрификатсияи деҳот" ба маблағи 2 млн 154 ҳазор доллар корҳо анҷом дода шудаанд.
Ҳамчунин лоиҳаи "Барномаи рушди соҳаи энергетика" бо арзиши 95 млн доллар дар амал татбиқ шуда истодааст, ки бо анҷом ёфтани он инфрасохтори баҳисобгирӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Данғара, Бӯстон, Исфара, Истаравшан, Конибодом ва Панҷакент ҷорӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи "Сохтмони зеристгоҳи барқии 110/10 кВ" дар шаҳри Душанбе барои таъмини барқ дар биноҳои нави Парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта шуда, арзиши умумии лоиҳа 61 млн 998 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.
То давраи ҳисоботӣ дар доираи лоиҳаи мазкур ба маблағи 10 млн 400 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
"Шабакаҳои тақсимоти барқ" ёдрас шудааст, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон 9 млрд 118 млн кВт-соат энергияи барқ қабул намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 421 млн кВт-соат зиёд мебошад.