ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Гирифторӣ ба маризии коронавирус дар Ню-Йорк ба 55 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин беморӣ дар дигар иёлатҳо низ доман паҳн намудаст, хабар медиҳад New York Post.
"Маълумоти охирини Департаменти тандурустии Ню Йорк, ки 2 август нашр шуд, нишон медиҳад, ки гирифторӣ ба COVID 55 дарсад бештар аз ҳафтаи гузашта буда, ба ҳисоби миёна дар саросари иёлот 824 ҳолатро ташкил медиҳад", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Илова бар ин, бистарӣ шудан ба беморхона 22 фоиз зиёд шуд, ки дар як рӯз зиёда аз 100 беморро ташкил медиҳад.
Гузоришҳо аз марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) қайд мекунанд, ки мушкилот на танҳо ба Ню Йорк таъсир кардааст - дар як ҳафта дар саросари кишвар 8000 ҳолати бистарӣ кардани маризон сабт гардид, ки ин нисбат ба гузашта 12 фоиз зиёд аст.
Комиссари тандурустии Ню Йорк Ашви Васан бар ин назар аст, ки дар патоген ҳеҷ чиз вуҷуд надорад, ки афзоиши вирусӣ ё марговари онро нишон диҳад.
Ба гуфтаи ӯ, афзоиши маризӣ бо коҳиши масуният алоқаманд аст, ки дар тӯли зиндагӣ бо COVID ин бояд интизор буд.
Зимнан Анна Берштейн, ёвари профессори тандурустии ҷамъиятии Мактаби тиббии Донишгоҳи Ню-Йорк гуфт, ки як варианти марговартар метавонад ногаҳон пайдо шавад.
Қаблан ТУТ хабар дод, ки варианти нави COVID-19 -EG.5 ("Эрис") дар саросари ҷаҳон фаъолона паҳн мешавад.