ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дастаи футзали “Амонатбонк” ғолиби “Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон 2023” шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки давлатии амонатгузорӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар бозии финалӣ футболбозони дастаи "Амонатбонк" бо ҳисоби 4:3 дастаи "Ориёнбонк"-ро шикаст дода, ғолиби мусобиқа ва барандаи ҷом гардид.
Ёдовар мешавем, ки аз 16 июл то 11 августи соли 2023 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон 2023” миёни дастаҳои ғайрикасбӣ баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа беҳтарин дастаҳои футзалбозони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар маросими ҷоизасупории мусобиқаи "Ҷоми ФФТ 2023" Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Дилшод Ҷуразода, котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов ва директори лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов иштирок намуда, ба ғолибони мусобиқа ҷоизаҳоро тақдим намуданд.
Ҳамзамон манбаъ хабар додааст дарвозабони дастаи “Амонатбонк” Умедҷони Муминзода бо ҷоизаи “Беҳтарин дарвозабон” ва Султоншо Мирзоев бо ҷоизаи “Беҳтарин бозингар” сарфароз гаштаанд.