Тоҷикистон дар Бозиҳои ИДМ чанд медал гирифт

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ, ки дар Беларус ыараён дорад, аллакай 10 медал ба даст оварданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои II Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои ба даст овардани медалу нишонҳои фахрӣ қувваозмоӣ мекунанд. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" хабар дод.
Мусобиқаҳоро 11 шаҳри Белорус мегузаронанд. Ҳамин тариқ дар Брест аз 10 то 13 август шиноварон дар Қасри варзиш мусобиқа мекунанд.
Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон 4 варзишгар шомил буд. Дар ин шаҳр 133 шиновар аз 11 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Ветнам, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Туркманистон ва Узбекистон ҷамъ омаданд.
Ҳудуди 130 варзишгари тоҷик дар Бозиҳои II ИДМ ширкат хоҳанд кард
Аз Тоҷикистон Билол Алиев, Усмон Салимов ва Богдан Гасиатулин аллакай ба масофаи 100 метр бо тарзи озод шино карданд.
Гасиатулин дар ду масофа — 400 ва 200 метр низ иштирок кард. Тавре мураббии дастаи Тоҷикистон Раҳмат Мирзоев гуфт, даста ба ҷоизаҳо умед дорад.
Дастаи Тоҷикистон аллакай дар Беларус дар риштаҳои гуногун 10 медал ба даст оварданд. Бозиҳои дувуми кишварҳои муштаракулманофеъ аз 4 то 14 август дар шаҳрҳои Беларус баргузор мешаванд.