Ба се минтақаи Тоҷикистон хафви омадани сел таҳдид мекунад

Бинобар хавфи баланди селфароӣ дар се минтақаси Тоҷикистон, КҲФ аз шаҳрвандон хостааст, ки аз сайру гашт дар кӯҳҳо ва рафтан ба обанборҳоро худдорӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Рӯзҳои 12-13 август дар се минтақаи Тоҷикистон хавфи баланди омадани сел мавҷуд аст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода, афзудааст, ки зери хавфи селфароӣ ноҳияи Даврози ВМКБ, ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ қарор доранд.
"Рӯзҳои 12-13 августдар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ хатари омадани сели маҳаллӣ боқӣ мемонад", - омадааст дар хабарномаи ин ниҳод.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин ду рӯз аз сокинону меҳмонон дархост намуд, ки бидуни зарурат ба обанбору кӯҳҳо набароянд.
Иловатан ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намуд, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, дар ин рӯзҳо аз чидани занбурўғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
Кумитаи тавсия додааст, ки барои пешгирӣ аз оқибатҳои нохуби селфароӣ пешакӣ бояд заҳбуру ҷӯйборҳоро аз хасу хошок тоза кард.
КҲФ аз зарари сел ба сокинони ноҳияи Айнӣ гуфт
Маврид ба зикр аст, ки чанде пеш дар Урметани ноҳияи Айнӣ сели харобиовар фаромада буд, ки чандин хонаву иншоот ва замину роҳҳоро валангор кард.
Рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ ҳанӯз идома дорад ва тибқи супориши роҳбари давлат сокинони зарардида ҳар чӣ зудтар бояд бо манзил ва тамоми ашёи рӯзгор таъмин карда шаванд.