ДУШАНБЕ, 12 август — Sputnik. Бо вуҷуди ҳама талошҳои кишварҳои Ғарб, Тоҷикистону Русия равобити худро амиқтар месозанд.
Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки Маскав ҳамкориҳоро бо Душанбе дар ҳама бахшҳо густариш хоҳад дод.
“Мо мебинем, ки талошҳои якчояи мо барои тақвият додани муносибатхои дуҷонбаи иктисодӣ ва дигар робитаҳо натиҷаҳои бузург, мухим ва мусбат дода истодааст”, - гуфт Галузин.
Илова бар ин, муовини вазири умури хориҷии Русия ба нақши кишварҳои Ғарб ишора кард.
Ба гуфтаи вай, муносибатҳои байни давлатҳо сарфи назар аз вазъияти на ҳамеша мусоиди берунӣ, сарфи назар аз кӯшишҳои кишварҳои Ғарб барои ҷорӣ кардани таҳримҳо, дар ҳоли рушд кардан қарор доранд.
Қаблан сардори раёсати омор ва тавозуни пардохти Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки ҷумҳурӣ нисфи тиҷорати хориҷиашро бо рубли русӣ анҷом медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар шаш моҳи соли равон 47% табодули коло бо кишварҳои хориҷӣ бо рубли русӣ сурат гирифтааст.