Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Дар Ғарб муътақиданд, ки Киев беш аз 150 ҳазор низомияшро талаф дод

Дар пайи талафоти зиёди низомиё дар майдони набард, теъдоди украиниҳо, ки талош дорандаз хидмати низомӣ фирор кунанд, афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Аз оғози амалиёти видаи низомӣ, Кев беш аз 150 ҳазор сарбоз талаф додааст.
Дар ин бора New York Times гузориш додааст.
"Тибқи ҳисобҳои мақомот ва таҳлилгарони ғарбӣ, беш аз 150 ҳазор сарбози украинӣ кушта ва ё захмӣ шудаанд. Теъдоди украиниҳо, ки талош доранд аз хидмати низомӣ фирор кунанд, афзоиш меёбад", - навиштааст нашрия.
Илова бар ин, артиши Украина теъдоди зиёди мошинҳои ҷангӣ, ки аз Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дастрас карда буд, талаф дод.
Қаблан намояндагони кишварҳои ғарбӣ дар бораи он ки артиши Украина мошинҳои ҷангии ба онҳо додашударо чӣ гуна азхуд кардааст, хушбин буданд, вале умеди онҳо барбод рафт, зеро ҳангоми ҳамлаи номуваффақи худ, қувваҳои мусаллаҳи Украина фоизи назарраси тамоми техникаи ҷудокардаи Ғарбро аз даст доданд.
Амалиёти вижа: Ҳадафи ҳамлаи артиши Русия дар самти Купянск - озод намудани Харков
Вазорати дифои Русия рӯзи 4 август хабар дод, ки аз оғози "ҳамлаҳои муқобил", дар моҳҳои июн-июл нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 43 ҳазор нафар ва беш аз 4,9 ҳазор силоҳро аз даст додаанд.
Дар миёни таҷҳизоти харобшудаи украинӣ 26 ҳавопаймо, 9 чархбол, 1831 мошини зиреҳпӯш, аз ҷумла 25 танки Leopard -и олмонӣ, ҳафт танки чархдори фаронсавии AMX ва 21 мошини ҷангии пиёдагарди амрикоӣ Bradley мавҷуданд.