ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон субҳи 12 август замин ҷунбид, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон.
Ин ниҳод маркази заминларзаро ноҳияи Даврози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзёбӣ кард.
Бар хабари манбаъ, шиддати ҷунбиши замин ба 4.4 дараҷа баробар буда, маркази заминларза дар умқи 15 км қарор дошт.
Феълан мақомотҳои марбутаи Тоҷикистон аз сар задани ин офати табиӣ дар кишвар маълумот надодаанд ва маълум нест, ки заминҷунбӣ дар пай ягон хисорот ба бор овард ё на.
Ёдовар мешавем, ки шаш рӯз қабл Афғонистонро заминҷунбии 5 балла такон ва қувваи он дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ бараъло эҳсос гардид.
КҲФ онзамон дар шарҳи ин офати табиӣ хабар доданд, ки дар Хоруғ шиддати он 4 ва дар Душанбе то 3 бал ба қайд гирифта шуд.
Ин ниҳод дар пайи омӯзиши паёмадҳои заминларза изҳор доштаст, ки он дар қаламрави ҷумҳурӣ талафоти ҷонию молӣ нагузоштаст.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон тобоварии биноҳои ҷумҳуриро ба заминларза дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар санҷида, онро қаноатбахш арзёбӣ карда буданд.