ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Даст доштани ду корманди собиқи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар қазияи дуздиву куштори собиқ муовини раиси "Ориёнбонк" Шӯҳрат Исматуллоевро тасдиқ шуд.
Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, раҳбари ин ниҳод, зимни нишасти хабарияш ба рӯзноманигорон изҳор дошт.
Аммо вазир дар бораи онҳо ҷузъиёти бештар надод.
Қаблан гуфта мешуд, раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ Дилшод Саидмуродов, мулаққаб бо номи "Дилшоди СБ" ва яке аз аъзои он Рустам Ашӯров, ки баъди тирандозӣ дар фурудгоҳи Молдова зимни амалиёти ҷавобӣ маҷрӯҳ ва дар беморхона ба ҳалокат расид, дар гузашта кормандони ин ниҳод будаанд.
Додситонии кулли кишвар ахиран хабар дод, ки яке аз дастандаркорони рабудан ва куштори Исматуллоевро дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда ҷавони 28-сола буда, ки қаблан низ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир маҳкум гардида, як рӯз пас аз содир намудани ҷиноят - 24 июни соли 2023 - тавассути кишварҳои ҳамсоя ба Туркия фирор кардаст.
Ин ниҳод гуфт, ки дар ин қазия 15 нафар даст доштанд, ки қариб ҳамаашон дастгир шуданд.
ВКД қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 23 июни соли 2023, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша ноиби раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, бурдаанд.
Баъдан додситонӣ тафсилоти қазияро баён дошта, таъкид намуда буд, ки дар пайи шиканҷа ноиби раиси "Ориёнбонк" ҷон додаст.
Мақомот бо такя ба маълумоти оперативӣ изҳор медоранд, ки ҷасади марҳум ба дарё андохта шудааст. Бо вуҷуди ҷустуҷӯҳои ҳамарӯза ҳанӯз ҷасад пайдо нашудааст.