ДУШАНБЕ, 12 мюн — Sputnik. Даври нави музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо тайи шаш рӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
"Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи Тарафҳо рӯзҳои 4 – 10 августи соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид",- афзудааст манбаъ.
ВКХ ҷузъиёти бештар аз машварати шашрӯзаи намояндагони тоҷику қирғизро нашр накардааст.
Танҳо зикр менамояд, ки ин дидор дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Ҳамин тариқ мувофиқа шудааст, ки вохӯрии навбатии тарафҳо дар Қирғизистон баргузор мегардад.
Қаблан раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки дар ҳар як мулоқот онҳо перомуни боз шудани сарҳадҳои давлатӣ ва дубора барқарор шудани гардиши мол миёни кишварҳо таъкид мекунанд.
Ӯ тавзеҳ дод, ки дар мулоқот бо иштироки ҳокимони Суғду Ботканд ва Фарғона, ки ахиран дар шаҳри Иссиқкӯл баргузор гардид, ҷониби Қирғизистон гуфтааст "корро аз қоғази сафед сар мекунем" ва ҳама ноҷӯриҳое, ки то ин вақт рух дод паси сар шуданд.
Бино ба гуфти ӯ, то ин замон беш аз 70 дарсади корҳо дар бораи таъйин ва аломатгузории марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон омода шудаанд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.