Каримзода: Содирот 53% коҳиш ёфтааст

Раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишвар ба хориҷ 53% коҳиш ёфтааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11авг – Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон гардиши тиҷорати хориҷӣ ба 3,3 млрд доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 324,7 млн. доллар ё 9% кам мебошад.
Дар ин бора Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай, аз ин нишондиҳанда теъдоди маҳсулоти воридгардида ба кишвар зиёд буда, он 2,7 млрд долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли равон ба маблағи 414,7 млн. доллар ё 18% зиёд мебошад.
“Содироти молу маҳсулот дар ин давра ба хориҷи кишвар кам гардида, маблағи умумии он ба 653,3 млн. доллар баробар шуд, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 739,4 млн. доллар ё 53% коҳиш ёфтааст”, - гуфт оқои Каримзода.
Чанде пеш вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар бораи кам шудани содироту зиёдшудани воридот хабар дода буд.
Содирот кам шуду воридот зиёд: Сабаб чист?
Ба гуфтаи ин ниҳоди давлатӣ омили асосии коҳиш ёфтани нишондиҳандаи содирот - ин кам шудани ҳаҷми содироти металлҳои қиматбаҳо, маъданҳо, нахи пахта ва алюминийи аввалия ба ҳисоб мераванд.
Ҳамчунин ин ниҳоди молиявӣ зиёдшавии нишондиҳандаи воридотро низ шарҳ дода буд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, зиёдшавии воридот, асосан, аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми воридоти гандум, маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, таҷҳизоти технологӣ, мошинҳои барқӣ ва таҷҳизот, воситаҳои парвозкунанда, чӯбу тахта ва маҳсулоти он, инчунин - шумораи воситаҳои нақлиёти заминӣ ва ғайра ба миён омадааст.