БМТ: Дар сурати фароҳам шудани шароит сомонии рақамӣ ба роҳ монда мешавад

Раҳбарияти Бонки миллӣ бар он аст, ки дар оянда дар сурати фароҳам шудани шароит сомонии рақамӣ мисли дигар кишварҳо роҳандозӣ хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Умедворам дар оянда бо назардошти вусъат ёфтани пардохтҳои ғайринақдӣ сомонии рақамӣ низ роҳандозӣ мешавад, гуфт муовини якуми раиси бонки Миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода.

“Барои чӣ не? Имкониятҳо ва заминаҳо омода бошанд, инчунин иқтисодиёт, аҳолӣ омода шавад ва тартиби танзиму назорати сомонии рақамӣ ба роҳ монда шавад дар оянда, чаро не?” - гуфт муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Вай афзуд, ки технологияҳои иттилоотӣ қисми ҷудонашавандаи ҷомеа аст ва ҷузъи иқтисодиёти ҷаҳонӣ шуда истодааст.
“Ҷаҳон ба технологияҳои иттилоотӣ корбарӣ мекунад. Мо ҳоло дар бораи оянда ҳеҷ чизе гуфта наметавонем вале бо мурури замон ва омода шудани аҳолӣ роҳандозӣ мекунем. Чун танзиму назорати воҳиди рақамӣ бениҳоят зарур мебошад”, - гуфт бонкдор.
Дар Тоҷикистон теъдоди пардохтҳои ғайринақдӣ афзоиш меёбад
Вай илова кард, ки дар стартегияи миллии фарогирии молиявӣ, гуногуншаклии маҳсулотҳои молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, саводнокии молиявӣ ва шабакаҳои таҳвил пешбинӣ шудааст, ки дар ҳамон стратегия яке аз қисмҳои асосӣ ин пардохтҳои ғайринақдӣ аст.
“Дар оянда барои чӣ не, агар шароит фароҳам оварда шавад. Чун сомонӣ агар рақамӣ шавад, бояд ҳамаи чиз тавасути пардохтҳои ғайринақдӣ сурат бигирад”, - таъкид кард Фирдавс Толибзода.