Садо додани беҳтарин сурудҳои гурӯҳи русии "Король и Шут" Душанбе – видео

Дар пойтахти Тоҷикистон сурудҳои машҳури гурӯҳи русии "Корол и Шут" аз ҷониби донишҷӯёни консерватория, навозандагон иҷро карда шуданд
Sputnik
Шаби мусиқй бахшида ба 50-солагии навозандаи рус, асосгузори гурӯҳи панк-рокии "Корол и Шут" Михаил Горшенёв мухлисони синну соли гуногунро гирд овард.
Барнома ба кори овозхони панк-роки рус, ки бештар бо тахаллуси Горшок маъруф аст, бахшида шуда буд. Вай мероси мусиқие гузошт, ки дар маданияти муосири рус ба тавреҷойи худро ишғол кардааст.
Сурудҳои "КиШа" ҳамеша бо садо ва табъи хос фарқ мекарданд — дар онҳо роки фолклорӣ, готикӣ, даҳшат, афсонаҳои нохушу ва лирика дида мешавад.
Тамошобинон дарк карданд, ки Миша Горшенёв, мехост кӣ шавад.
Бо кафкӯбиҳои давомдор: Ҳунарнамоии ҷолиби ансамбли қафқозӣ аз Русия дар Хуҷанд – видео
Инчунин, дар ин шабнишинӣ дар бораи чӣ гуна ба вуҷуд омад гурӯҳи "Корол и Шут", сурудҳои онҳо, ки ба парастиш табдил ёфтаанд, шунавандаҳо аз он чӣ хабар доранд ва нихоят, дар бораи лоиҳаи охирини калони Горшок — рок-операи ТОДД суҳбат карда шуд.
Шабнишиниро дар "Хонаи русӣ" дар Душанбе клипҳои гурӯҳи КиШ, инчунин мусиқии зинда ҳамроҳӣ мекард: сурудҳои машҳури Горшок аз ҷониби лауреатҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ, донишҷӯёни консерватория, навозандагон иҷро карда шуданд. Дар баробари сарояндагон шунавандагон низ суруд месароиданд.