ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Раёсати омори вилоят маълумот дар бораи ақаллиятҳои миллии муқими вилояти Суғдро нашр кард.
Натиҷаи пажӯҳишро ба рӯзноманигорон сардори раёсат Ҳокимбек Накҳатзода шарҳ дод.
Гуфта мешавад, ки дар ин минтақа беш аз 2,7 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, ки 84 дарсади онҳоро тоҷикон ташкил медиҳанд.
"Ӯзбекҳо 15,23%, қирғизҳо 0,24%, русҳо 0,23%, тоторҳо 0,02% ва лӯлоҳо 0,01%-ро ташкил медиҳанд", - афзуд манбаъ.
Тибқи маълумоти овардашуда, ин 6 миллат 99,99%-и аҳолии Суғдро ташкил дода, боқимонда намояндагони 42 миллати дигар будаанд.
Наҳазода ҳамчунин афзуд, маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст.
Интизор меравад, ки натоиҷи маъракаи барӯйхатгирӣ то соли 2024 дар 5 ҷилд нашр шавад.
Қаблан Абдумусавир Баҳодурӣ, раиси созмони ғайридавлатии "Ориёно" бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи ба сар бурдани чанд паноҳҷӯи афғон дар Тоҷикистон нақл карда буд.
Гуфта шуд, ки шумораи онҳо 6,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Афғонистониҳо дар шаҳри Душанбе, дар 3 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ – Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав ва ҳамчунин дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҷойгиранд. Илова бар ин, дар Хатлон чанд оила зиндагӣ мекунанд.