ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон дар кишвар таваррум муътадил дар сатҳи 2,3 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки ин аз ҳисоби 3% болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа ва 2,9 фоиз молҳои ғайриозуқа ташаккул ёфтааст.
Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои вай, нархи гӯшти гов дар Тоҷикистон 4,3%, картошка 28,6%, биринҷ 43% ва шакар 23,5% баланд шуд.
Муовини вазир инчунин қайд кард, ки дар баробари ин нархи орди навъи якум ва дуюм 17%, равғани растанӣ 22,9%, помидор 71,6%, бодиринг 57,4%, тухм 21,2% ва шир 1,9% коҳиш ёфт.
Ашурбой Солеҳзода шарҳ дод, ки баландшавии нархи маҳсулоти ғайриозуқа бештар аз ҳисоби болоравии нархи бензин ба андозаи 16,4%, доруворӣ - 8,4%, масолеҳи сохтмонӣ -4,5% ва маводҳои шустушӯйӣ - 3,2% ба миён омад.
Ҳамзамон, муовини вазир қайд кард, ки дар баробари ин нархи гази моеъ 26,3 фоиз ва сўзишвории дизелӣ 12,9 фоиз коҳиш ёфт.