Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе дар паёми худоҳофизии ба муносибати поёни фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон гуфт, рӯзҳои фаъолияти кориям ба унвони сафири Эрон дар кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон ба шитоб аз роҳ фаро мерасад.
"Ҳақиқатан, ҷойгоҳи ин сарзамини бошукӯҳ ва мардумони хастагинопазири тоҷик назди мо эрониён ҳамон аст, ки Мавлоно гуфт: Аз"мани" мо "мантаранд”, - таъкид кард ҷаноби сафир.
Сафир дар паёмаш афзуд, ки ба рағми фарозу фуруди садаҳои пешин мардумон ин сарзамини куҳанбунёд ҳаргиз пайвандҳои дерин ва ширини хешро бо сарзамини ниёконии Эронзамин нагусастанд ва ба равишҳои гуногун ресмони фарҳанг ва ҳуввияти хешро бо ҳавзаи забонӣ ва тамаддунии хеш пайвастанд.
"Миёни Эрон ва Тоҷикистон ҳеҷ "дуӣ" ва "моиву туӣ" нест, ҳар чӣ ҳаст ягонагӣ ва якрангист!”, - таъкид кард Муҳаммадтақӣ Собирӣ.
Вай дар паёмаш илова кард, ки дар даврони қариб ба панҷ сол, ки вақти хуш буд, бисёр талош кардааст, то обишхӯри ширини дӯстии ду кишвари тамаддунсози Эрону Тоҷикистон беш аз пеш равону зулол шавад.
Оқои Собирӣ илова кард, ки комёбӣ дар ин масир бидуни ёрии гаронмоягон ва сарварони ҳар ду кишвар амалӣ намешуд.
"Фарҷоми суханро бо қалбе пур аз тапиш ва дилтангӣ, бо каломи зебо ва сазоворонаи шоири фақид ва баландовозаи тоҷик зиндаёд устод Лоиқ Шералӣ ороста мегардонам", - гуфт сафир.