Ҳаҷми ММД дар Тоҷикистон афзоиш ёфт

Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон натиҷаҳои нимаи аввали соли 2023-ро ҷамъбаст карда, маълумот ва нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодиро ироа кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар шаш моҳи соли 2023 ба 54,2 миллиард сомонӣ расидааст.
Дар ин бора муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашурбой Солеҳзода дар нишасти хабарии ҳисоботии ин ниҳод изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, аз ҷумла таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, тағйирёбии иқлим, ки боиси то ҳадде ноустувор гаштани иқтисоди ҷаҳон гардид, ММД-и Тоҷикистон 8,3% рушд кард.
Ин нисбат ба ҳамин нишондиҳанда барои соли 2022 ба андозаи 8 миллиард сомонӣ бештар аст.
Чунончи, мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ, суръати афзоиши иқтисод пеш аз ҳама аз ҳисоби афзоиши маблағгузории фондҳои асосӣ — 27,1%, инчунин нақлиёт — 13,7% таъмин гардид.
Ҳаҷми муомилоти моли ҷумҳурӣ бошад 11,8% афзудааст.
БАОР: Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2023-ро 7,9% арзёбӣ кард
Ба иттилои намояндаи вазорат, дар ин давра, инчунин, иқтисоди Тоҷикистон аз ҳисоби рушди истеҳсолоти саноатӣ дастгирӣ ёфт.
Дар ин ҷо афзоиш 10,3%-ро ташкил дод.
Кишоварзони ҷумҳурӣ бошад, дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқро 7,9%, хаҷми хизматрасониро 5,5% зиёд карданд.
Қаблан Бонки рушди Авруосиё коҳиши мизони таваррум дар Тоҷикистонро сабт карда буд.
Коршиносони БАОР рушди ММД-и Тоҷикистонро барои солҳои 2023-2024 дар соли 2023 7,5% пешбинӣ кардаанд.