Давлаталӣ Саид шароити будубоши сарбозон дар қисми низомиро санҷид

Раиси вилояти Хатлон ҳам бо сарбозони қаторӣ ва ҳам афсарони қисми ҳарбӣ суҳбатҳо карду бо шароити зиндагии онҳоро аз наздик шинос шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз қисми низомии нерӯҳои хушкигард боздид кард.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят шароити хидмати сарбозону афсаронро тафтиш кардааст.
Ғайр аз ин ба ин қизми ҳарбӣ зиёда аз 8 тонна хурока аз қабили картошка, пиёз, каду, себ ва олу дода шуд.
Гуфта мешавад, ки чунин таъминоти маҳсулот дар доираи кӯмаки якдафъаина ба хизматчиёни ҳарбӣ сурат гирифтааст.
Давалтали Саид инспектирует воинскую часть
Оқои Давлаталӣ Саид аз сарбозон ҳоли будубошашонро пурсон шудааст ва дар посух ба ӯ гуфтаанд, ки шароит қобили қабул аст.
Сарвари вилоят дар фарҷоми сафар хизматчиёни ҳарбиро ба хизмати бошарафона ба Ватан даъват намуда, ба волидонашон изҳори сипос кардаст.
Қаблан дар Истаравшан тасмим гирифта буданд, ки усули нави ҷалби даъватшавандагон ба хидматро ҷорӣ кунад.
Онҳо ният доранд, ки ба ҳамаи наваскароне, ки ихтиёран ба комиссариат меоянд, ронандагии мошинро ройгон омӯзанд ва ба ҷавонон пас хатми давраи омӯзиш шаходатнома бо категорияи дахлдорро диҳанд.
Аз рӯйхат то муоинаи пешакӣ: Оғози омодагӣ ба даъвати тирамоҳии наваскарон дар ВМКБ
Ёдовар мешавем, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон барои хидмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1 октябр то 30 ноябр сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи қонун, пас аз пардохти маблағи муайян (ҳудуди 30 ҳазор сомонӣ дар соли 2023) ва ширкат дар тамриноти моҳона ҷавонон метавонанд аз ду соли хидмат озод шаванд.