Мукаммалсозии чархболҳои Русия - ҳукми фарҷоми артиши Украина ва НАТО

Иқтидори бузурги соҳаи саноати низомии Русия ва бартарии технологии силоҳҳои русӣ Украинаро дар ғарби ин кишвар ва НАТО-ро маҳкуми шикаст менамояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Чархболҳои зарбазани Русия Ғарбро зудтар ба безарфият будани интиқоли низомӣ ба лӯхтакҳои киевӣ, ба зарур ва ногузир будани иҷрои талаботи одилонаи Маскав дар бораи бозгашти нерӯҳои хориҷии НАТО ба ғарб – ба ҳудудҳои соли 1997 - бовар кунонида истодаанд.
Роҳбари Ростех Сергей Чемезов 7 август ба президенти Русия Владимир Путин дар бораи натиҷаҳои кор дар соли 2022 ва афзоиши чандкаратаи истеҳсоли силоҳ ҳисобот дод.
Фармоиши давлатии мудофиа барои 800 иттиҳодияҳои илмӣ ва истеҳсолӣ дар 60 минтақаи Русия афзалияти доимӣ боқӣ мемонад.
Таваҷҷӯҳи махсус ба рушди авиатсияи ватанӣ, ки барои амнияти технологӣ ва миллии кишвар басо муҳим аст, дода мешавад.
Оё Ғарб ба ҳамлаи низомӣ ба Украина омода аст
Холдинги "Вертолёти России" дар як сол 296 чархболи ҷангӣ (афзоиши - 120 фоиз) истеҳсол намуд ва инро
душман дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ дарҳол аз эҳсос кард.
Чархболҳои зарбазани Ка-52 "Аллигатор" бо истифода аз мушакҳои идорашавандаи зиддитанкии "Вихр" аз аввали моҳи июн садҳо танкҳо ва мошинҳои ҷангии зиреҳпӯши савораи пиёданизом, аз ҷумла – даҳҳо “Леопард"- ҳои олмонӣ ва "Брэдли"- ҳои амрикоиро нобуд сохтанд. Рӯйхати ғаниматҳои чархболҳои зарбазани Ка-52 "Аллигатор" дар ҳама самтҳои ҷабҳа ҳамвора пуршавӣ дорад.
Сарнишинони қувваҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия ҳанӯз ҳам корҳои зиёди ҷангиро анҷом медиҳанд. Аз моҳи феврали соли 2022 Украина аз Ғарб садҳо танк, зиёда аз 4 ҳазор мошинҳои зиреҳпӯш, 1,1 ҳазор аслиҳаи артиллерӣ гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар 530 шабонарӯзи амалиёти вижаи низомии русиягӣ беш аз 11,2 ҳазор танк ва мошинҳои ҷангии зиреҳпӯши артиши украинӣ нобуд карда шуданд.
Маҷаллаи амрикоии Military Watch дирӯз шарҳ дод: "Нақши чархболҳои зарбазании русиягӣ дар амалиёти ҷангӣ муҳимтар мегардад. Маслан, тобистони соли 2023, вақте ки нерӯҳои украинӣ кӯшиши ҳамлаи ҷавобӣ доштанд, Ми-28 ва Ка-52 ба техникаи ҷангии зиреҳпӯши украинӣ зарари калон расониданд".
Гузашта аз ин: "Чархболҳои русиягӣ дар ҷаҳон, чун пештара, аз рӯи хусусиятҳои ҷангии худ фарқ мекунанд ва чархболҳои зарбазани Ми-28 ва Ка-52 ҳамто надоранд".
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Талафоти Украина дар минтақаи амалиёти вижа маълум шуд
Қайд карда мешавад, ки мушаки нави Вихр -1 низ қодир аст дар масофаи то 10 км - дар мавзеи берун аз минтақаи амали таҷҳизоти мудофиаи ҳавоии ҳарбии душман – ҳадафро нобуд карда метавонад. Чархболҳои зарбазани русиягӣ дар минтақаи амлиёти вижаи низомӣ амалан талафот надоранд.

Ҷанги "Аллигатор"-ҳо

Дар театри амалиёти ҷангии украинӣ чархболҳои пурқудрати Ка-52 аз ҳаво амалиёти нерӯҳои хушкигардро фаъолона дастгирӣ менамоянд ва ҷузъу томҳои десантиро аз як ҷой ба ҷои дигар ба зудӣ интиқол медиҳанд.
Захираи назарраси силоҳ ба "Аллигатор"-ҳо имкон медиҳад, ки қувваи зинда, техникаи зиреҳпӯш, паноҳгоҳҳо, нуқтаҳои идоракунии артиши украиниро самаранок ва шабонарӯзӣ кӯбанд
Дар шаш бандҳои берунии овезаҳояш чархболи ҳуҷумкунандаи Ка-52 метавонад то 2,8 ҳазор кг силоҳҳои намуд ва тарзи зараррасониашон гуногун, мушакҳои идорашавандаро бо қисмҳои ҷангии зиреҳшикан ва тарканда дошта бардорад.
Ба қарибӣ "Аллигатор" бо мушакҳои болдори дурии парвозаон то 100 км якҷоя карда хоҳанд шуд, чархбол метавонад тайёраҳои ҷангандаи Су-25 М ва тайёраҳои бомбаандози ҷабҳавии Су-24М-ро “иваз кунад”.
"Мо зид": Сиёсатмадори олмонӣ дар бораи интиқоли силоҳ ба Украина
Дар майдони ҷанг тӯпҳои маъмулии 30-мм 2А42 (маҷмӯаи аслиҳаашон - 500 хумпора) нерӯ мебахшанд, ки дар борти мошини ҷангии зиреҳпӯши савораи пиёданизом – 2, мошини ҷангии зиреҳпӯши савораи пиёданизом -82А ва мошини ҷангии зиреҳпӯши савораи пиёданизом -82АТ низ мавҷуданд.
Нерӯи назарраси оташфишонии чархболи зарбазани Ка-52 бо қобилияти баланди ғунҷоиши аслиҳа, муҷаҳҳаз будан бо воситаҳои муосир барои ошкор ва пайгирӣ намудани ҳадаф бо муборизаи радиоэлектронӣ якҷоя истифода бурда мешавад, ки бо ин ҳама дилхоҳ ҳадафро мавриди тирборон қарор дода метавонад.
Бар замми ҳамаи ин, “Аллигатор”-ҳо бо суръати баланд парвоз мекунад - то 320 км/соат (ҳини парвози қафонокӣ –бо суръати то 100 км/соат, дар ҳолати парвози борт ба пеш -то 80 км/соат). Масофаи воқеии парвоз - 460 км дар баландии то 5,5 ҳазор метр.
“Дили ҷангии” чархболи зарбазани Ка-52 “Аллигатор” -маҷмааи Аргумент-2000 - мошини ҳисоббарории пурракунандаи рақамии Багет-53, маҷмааи пилотажӣ-навигатсионӣ, системаи ҷустуҷӯӣ-ҳадафӣ, стансияи радиолакатсионии Арбалет-52 ва маҷмааҳои бортии мудофиавӣ ва алоқа мебошанд.
Фақат "Арбалет" имкон дорад, ки "мушаки "Стингер"-ро дар масофаи то 5 км, танкро дар масофаи то 12 км, ҳавопайморо дар масофаи то 15 “бубинад”, дар як вақт то 20 ҳадафро пайгирӣ намояд ва, ҳамзамон, маълумотро ба якборагӣ ба маҷмааҳои ҳадафӣ ва навигатсионӣ интиқол диҳад.
Аз сухан ба амал: ИМА барои бастани лоиҳаи Украина омода аст
"Арбалет" дар бораи монеаҳои парвоз дар баландиҳои хеле паст огоҳ менамояд. Радиолокатор, тепловизор, масофаченкуни лазерӣ ва дастгоҳҳои видеоӣ низ маълумотҳоро дар бораи муҳити атроф ба компютери бортӣ мефиристанд ва ба сарнишинон тавсияҳо низ медиҳад. Бо шарофати якчанд мониторҳои навъи LCD, сарнишинҳо қадри зарурӣ огоҳанд ва имкон доранд, ки тамоми маҷмӯи силоҳҳоро самаранок идора кунанд.
Маҷмааи муҳофизатии Витебск ба таври худкор ба нурафкании лазерӣ, фаъолияти радиолокатор, партоби мушакро ошкор менамояд ва мустақилона халалҳои сустро истифода мебарад, ба мушакҳои душман дар доираи нурҳои инфрасурх ва диапазони радиоӣ халал мерасонад, инъикоскунандагон ё домҳои гармро мавриди ҳадаф қарор медиҳад.
“Витебск” ба тариқи овозӣ ба сарнишинон дар бораи чораҳои андешидашуда, воситаҳои боқимондаи мудофиа ҳисобот медиҳад.
Ҷузъи таркибиву муҳими пурдоштии чархбол идоракунии дукарата, зиреҳ бо вазни умумии то 300 кг, курсиҳои қобилияти партобкунӣ дошта (катапултиатсионӣ) боқӣ мемонад, ки дар силсилаи чархболҳои Ка-52 бори аввал дар ҷаҳон истифода шудаанд.
Кабинаи зиреҳпӯши дунафара сарнишинонро аз тирҳои зиреҳзани калибри 12,7 мм ва тиккапораҳои 23-мм ҳифз менамояд. .
"Аллигатор" амнтарин чархболи сайера ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни яке аз набардҳо дар амалиёти вижаи низомӣ душман сӯи “Аллигатор" 18 мушаки зиддиҳавоии "Стингер" партоб дод – сарнишинони чархбол осеб надиданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Патрушев: пирӯзии Русия дар Украина такон барои тағйирот хоҳад шуд
Дар театри амалиёти ҷангии украинӣ сесад чархбол ҷангандаи нави Ка-52 метавонанд ба як силоҳи воҷеан мӯъҷизавӣ табдил ёбанд ва санъат ва усули ҷангӣ ва сару гардани дилхоҳ душманро шикананд.
Аммо Ростех бо ин ҳама маҳдуд нашуд барои истеҳсоли тайёраи қиркунандаи насли панҷуми Су-57, шакли навсозишудаи ҳавопаймои фаросавтии стратегии баландсуръати мушакбари Ту-160, ҳавопаймои гаронвазни низомӣ-нақлиётии Ил-76МД-90А истифодаи иқтидорҳои навро ба роҳ монд ва ба андозаи ду маротиба афзоиш додани истеҳсоли ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар соли 2022 мувоффақ шуд.
Рӯйхатро идома додан мумкин:"Лансет”-ҳо, "Искандар”-ҳо, "Кинжал", суръати истеҳсоли кадоме ба артиши Украина ва НАТО хеҷ хубӣ намеоранд.