Бекорӣ дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё кам шудааст

Шумори бекорон дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба 10,7% коҳиш ёфтааст. Ҳоло шумори бекорон дар ҳудуди ин Иттиҳодия ҳамагӣ 1% ташкил медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Шумори бекороне, ки дар хадамоти шуғли аҳолии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба қайд гирифта шудаанд, то охири моҳи июни соли равон 916,8 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Дар ин бора сомонаи расмии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 10,7 фоиз кам шудааст.
Хамин тавр ба иттилои манбаъ, шумораи бекорон 1% қувваи кориро ташкил медихад.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки дар соли гузашта ин нишондод 1,1%-ро ташкил медод.
Таъсирии манфии таҳримҳои зиддирусӣ ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё
Ёдовар мешавем, ки пештар Агентии омори Тоҷикистон дар бораи коҳиши шумори бекорон хабар дода буд.
Бино ба маълумоти Идораи омор, шумораи шаҳрвандони бекор, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ расман ба қайд гирифта шудаанд, дар охири моҳи феврали соли 2023 51,2 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Дар муқоиса бо моҳи феврали соли 2022 ин рақам 5,6% коҳиш ёфтааст.
Тавре коршиносон афзудаанд, занон 49,3 дарсади шаҳрвандони бекори Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.