ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар шаш моҳи соли равон 587 нафар шахси гирифтори вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат бо ҳамин давраи соли қаблӣ 39 ҳолат бештар аст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 2953 зан бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ба қайд гирифта шудааст.
“Ин занҳо зери назорати доимӣ ҳастанд ва таболбати антиретровирусӣ мегиранд. Дар сурати табобати комил занҳо ҳатто кӯдакони соли таввалуд мекунанд”, - гуфт Ҷмолиддин Абдуллозода.
Ҳамзамон вай қайд кард, ки дар соли равон барои ошкор кардани ВНМО миёни аҳолӣ санҷишҳо ба маротиб афзоиш дода шудааст.
Вай афзуд дар шаш моҳи соли равон миёни аҳоли 479 ҳазор санҷишҳо гузаронида шудааст.
Ҳамзамон вазири тандурустӣ қайд кард, ки ВНМО миёни кӯдакону наврасон низ дар Тоҷикистон ошкор шудааст. Дар ҳоли ҳозир 1067 ҳолати гирифтории кӯдакону наврасони то 18 сола ба ВНМО ба қайд гирифта шудааст.
Вазир илова кард, ки дар ҳолати ошкор намудани ВНМО, шахси бемор ба табобати антиретровирусӣ ҷалб карда мешавад.