Ба ронандагоне, ки дар садамаи Кӯлоб худравҳояшон зарар дид, мошинҳои нав доданд

Ҳукумати Тоҷикистон ба афроде, ки худравҳояшон зимни садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Кӯлоб зарар дид, мошинҳои нав ҳадя кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб ба нафароне, ки мошини онҳо зимни садамаи маргбор зарар дид, худрави нав тақдим шуд.
Дар ин бора аз ҳукумати шаҳр ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Ба маълумоти манбаъ, 7 нафар аз зарардидагон имрӯз 9 август пеш аз зуҳр соҳиби мошин нави гардиданд.
“Ба ҳар нафар он тамғаи худраве дода шуд, ки дар натиҷаи садама зарар дид”,- афзудааст манбаъ.
Дар мавриди сохтмони хонаҳои зарардида бошад, намояндаи мақомоти маҳаллӣ гуфт, ки он рӯзҳои наздик оғоз хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6-уми августи соли 2023 соатҳои 19 ба 20-и шом дар шаҳри Кӯлоб садамаи нақлиётӣ рух дод.
Автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” ба садамаи мудҳиш дучор шуд. ДАр ин садама 23 нафар куштаву захиӣ ба қайд гирифта шуд.
Аз ҷумла ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар ин ҳодиса 10 нафар фавтида ва 13 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои қурбониёни садама дар Кӯлоб
Аз 13 нафар ҷароҳатбардоштагон 2 нафараш баъди расонидани кумаки аввалияи тиббӣ аз беморхона рухсат дода шудаанд.
Чанде пеш Президенти Тоҷикистон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон дар садамаи пурқурбонии Кӯлоб изҳори ҳамдардии амиқ карда, ба захмиён шифои оҷил орзу намуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори тадбирҳои фаврӣ барои кумаки моддӣ ба хонаводаҳои ҳалокшудагон, табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида дар садамаи Кӯлоб шуд.
Мақомоти додситонии Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот феълан идома дорад.