Коҳиши ҷиноят ва нашъамандию нашъаҷаллобӣ миёни ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон эълон кард, барои коҳиш додани ҷиноят, нашъамандию нашъаҷаллобӣ миёни ҷавонон чораҳои мушаххас андешидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли 2023 дар кишвар шумораи ҷинояткории ҷавонону ноболиғон, бекоршавии ақди никоҳ ва нашъамандию нашъаҷаллобӣ миёни ҷавонон коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода хабар дод.
“Дар натиҷаи тадбирҳои мақсадноки роҳандозишуда ва нақшаҳои мушаххаси корӣ аз ҷониби Кумита дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои дахлдори соҳавӣ, дар нимсолаи якуми соли 2023 сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон, бекоршавии ақди никоҳ дар байни оилаҳои ҷавонон ва нашъамандию нашъаҷалобӣ ба маротиб коҳиш ёфтааст”,-гуфт раиси кумита.
Аз нисф зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд
Вай таъкид кард, ки давоми нимсолаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ аз тарафи ҷавонон ва ё бо иштироки онҳо ҳамагӣ 1713 ҳолати ҷиноят содир карда шудааст, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 231 ҳолат ё 13,4% кам мебошад.
“Дар 6 моҳи соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ аз тарафи ноболиғон 258 адад ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 (2022 -431) -173 ҳолат ё 40,1 % камшавии ҷиноят ба қайд гирифта шудааст”, - изҳор дошт Абдуллозода.
Инчунин раиси кумита зикр кард, ки дар кишвар давоми нимсолаи якуми соли равон мувофиқи маълумотҳои оморӣ 5370 бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 1895 ҳолати бекоршавии ақти никоҳ кам аст.
Ҳамзамон, раиси кумита дар ин нишаст таъкид намуд, ки бо андешидани чораҳои таъсирбахш сатҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва хатарҳои нави марбут ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ба маротиб коҳиш ёфтааст.
Таъкид карда шуд, ки Кумита ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон дар нимсолаи якуми соли 2023 низ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо нақшаву ҷадвалҳои мушаххаси кориро тарҳрезӣ намудааст.