Ҷайҳун омӯзгорони Бадахшонро ҷалб мекунад

Масъулони ноҳияи Ҷайҳун бо ҷалб кардани омӯзгорон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мехоҳанд мушкили норасоии муаллимонро аз байн баранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 август — Sputnik. То оғози соли хониш аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 60 омӯзгор ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун ҷалб мешаванд.
Дар ин бора Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, барои ҷалб кардани омӯзгорон аз ВМКБ, муовини ӯ ва мудири шуъбаи маориф сафарбар шуданд. Бо талоши онҳо акнун 60 муаллим бояд ба ноҳияи мазкур омада, ба хонандагон дарс гӯянд.
Қитъаи замин ва кумакпулӣ: Талоши мақомоти Хатлон барои аз байн бурдани норасоии омӯзгорон
Зимнан, зикр гардид, ки аллакай 10 омӯзгор ҷалб гардиданд ва то моҳи сентябр боз 50 муаллими дигар ба ноҳияи Ҷайҳун меоянд.
Одиназода тавзеҳ дод, ки аз 10 омӯзгор 4 нафараш муаллими математика, дуи дигар омӯзгори таърих ва 4 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ мебошанд.
"Омӯзгорон аз сӯи ҳокимияти маҳаллӣ бо замини назди ҳавлигӣ таъмин мешаванд. Вале то соҳиби замин шудан ба онҳо хона дар наздикии муассисаи таълимӣ дода мешавад", - изҳор дошт раиси ноҳия.
Масъулони ноҳияи Ҷайҳун бо ҷалб кардани омӯзгорон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мехоҳанд мушкили норасоии муаллимонро аз байн баранд.
Қаблан мақомоти ноҳияи Дӯстӣ барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва бартараф намудани норасоии кадрӣ замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда буд.
Ҳамин тариқ 37 омӯзгори ин ноҳия соҳиби замин хоҳанд шуд.