Тоҷикистон бо 102 давлат савдо доштаст: Тавозун ҳамоно манфист

Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон бо 102 мамлакати ҷаҳон савдои хориҷӣ доштааст, аммо аз бисёри онҳо танҳо мол ворид кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ҳаҷми содироти мол дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳаҷми воридот дар нимсолаи аввали соли равон қариби 4 баробар камтар мебошад.
Ба иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, дар маҷмуъ савдои хориҷии кишвар дар давоми 6 моҳи аввали соли равон ба 3,4 млрд доллар баробар гардидаст.
Ҳаҷми умумии содирот дар 6 моҳи аввали соли равон қариби 679 млн доллар ҳисоб карда шудааст.
Ба иттилои Агентӣ, аз нишондоди умумии содирот, ба содироти маҳсулоти саноатӣ ва нерӯи барқ 655 млн доллари амрикоӣ рост меояд. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 103 ҳазор тон ба маблағи беш аз 24 млн долларро ташкил додаст.
Тоҷикистон истеҳсоли орди худиро зиёд кардаст
Дар таркиби содироти Тоҷикистон маъдан, маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи колоҳои асосӣ арзёбӣ мешаванд.
Дар маҷмуъ кишвар дар нимсолаи аввали соли равон бо 102 мамлакати ҷаҳон савдои хориҷӣ доштааст, аммо аз бисёри онҳо танҳо мол ворид кардааст.
Колои Тоҷикистон танҳо ба 47 давлат содир гардидаст, иттилоъ дод раёсати Агентиии содирот зимни нишасти матбуотӣ.
Тавозуни савдо ҳамоно манфӣ боқӣ монда, ҳаҷми содирот аз воридот ба маротиб кам мебошад.