Теъдоди корхонаҳо ва ҷойҳои корӣ дар МОИ "Суғд" бештар шудааст

Корхонаҳои саноатии минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" тавлидотро дар нимсолаи аввали соли равон ба 155 млн. сомонӣ расондаанд, ки нисбати соли қаблӣ 11% зиёд аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ба минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" дар нимсолаи аввали соли равон наздики 13 млн сомонӣ сармоягузории мустақим сурат гирифтааст.
Дар ин бора раёсати МОИ "Суғд" зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки дар маҷмӯъ аз аввали фаъолият ба ин минтақа ҳудуди 152 млн. сомонӣ сармоягузорӣ шудаст.
Ба иттилои манбаъ, дар минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" 31 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 19 ададашон ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул мебошанд.
Корхонаҳои минтақа дар баробари тавлиди маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 155 млн сомонӣ инчунин дар ҳаҷми қариб 1,3 млн сомонӣ корҳои сохтмонию хизматрасонӣ анҷом додаанд.
Хаҷми истеҳсолот дар МОИ Тоҷикистон
Таъкид шудааст, ки субъектҳои минтақа ба буҷаи давлат дар нимсола беш аз 3 млн сомонӣ андоз пардохт кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта беш аз 1 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Теъдоди умумии ҷойҳои корӣ дар минтақаи озодии иқтисодии мазкур наздик барои 840 нафар ҳисоб шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешӣ 55 нафар бештар мебошад.
Роҳбарияти минтақа афзуд, ки маҳсулоти корхонаҳои фаъоли "Суғд" на танҳо дар бозорҳои Тоҷикистон, балки дар Ӯзекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ироқ, Озарбойҷон ва Туркия низ фурӯхта мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки аз тариқи ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо додани имтиёзҳои маъмурию андозӣ барои фаъолсозии корхонаҳои бештар мусоидат намояд.